ХАБАРИ ДОҒ

Миллати рама ё фарди гӯсфанд?

  • Ҷумъа, Сен 20 2019

 

Нафаре, бигзор хеле ҳам бузург ва ё гургмасалу баррамонанд оё ҳуқуқ дорад, ки 1 миллати Шарифро рамаи гӯсфанд хонад?

 Ман 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистонам, ки бо вуҷуди солҳои тӯлонии берун аз хоки он зистан, тамоми ҳушу гӯшам ва рӯҳам бо Тоҷикистони биҳиштиам пайваст буд ва ҳаст. Моҳи сеюм аст, ки бо фарзандонам дар Ватан ҳастам ва ҳар 1 навигарии онро бо ҷон қабул дорам. Агар чуқуриеро рӯи роҳ дарбеҳ карда бошанд, гиребони шукр мегирам ва аз Яздони пок ободии ин даргоҳро талабгорам, чунки бобову бобокалон ва оянда ману фарзандон дар ҳамин сарзамини бо ҳазорон хунрезиҳо ҳифзшуда нияти хок шудан дорам.

Ман бахши ҷомеашиносии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаам ва робитаи ҷомеаро бо ВАО хуб эҳсос мекунам. Чандест, ки баргаштаам ва мебинам, ки дар доираи озодандешиву демократӣ лозиму нолозим, солиму носолим, хуллас ҳар касе метавонад, аз (минбари) матбуоти хусусӣ (ба қавли худшон «озод») сухан мегӯяд. Ин хуб аст!

Матлаб чизи дигар аст; Ман чанде  «ногуфтаниҳо... бо Дориюши Раҷабиён» дорам:

Якум, «Дар Ватани хеш ғариб» ва дуюм «Мо қотилони «ман»-емро хонда, зиёдтар мунтазир шудам, ки оё нафаре ҳаст, ин андешаҳои шахсиро посух гӯяд? Хоса дар мавриде ки ин нафар(ак) 7 млн Тоҷики Тоҷдорро «гӯсфанду рама» хондааст ва миллатро (мантиқан) ҳайвон... Неъ. Нест садое! Инак, ман мегӯям.

Иқтибос: «Лаҳну забони форсиам нигоҳҳои шигифтомезу гумонолудро фаро мехонд. Агар эҳсос мекардам, ки забони сабзи форсиам оқибат сари сабзам медиҳад ба бод, ба русию англисӣ мутавассил мешудам. Ва аҷаб ин ки наҷот меёфтам».

Ҷавоб: Дар Тоҷикистон дар нақби Истиқлол ва нерӯгоҳи Сангтӯда-2 чанд ҳазор  эронӣ кор мекунад; ҳазорони дигар шояд шаҳрвандони афғон ба тиҷорату мақоми муҳоҷирӣ умр ба сар мебаранд, чаро ягонтои онҳоро забони форсиашон сарашонро ба бод надодааст? Баръакс, онҳо кӯшиш мекунанд, ки гуфторашон мисли тоҷикон аз ибораву калимаи арабӣ орӣ бошад.

Ин ки бо чанд солаке дар Урупо (ба қавли худаш) зиставу баъди чанд ҳафтаи дар Душанбе иқомат ёфтанаш худашро ғариб ҳис кардаасту пулисро мутаҳаййир, сабаб омилҳои дигар аст. Ё гӯшвораш аст, ё рафтори занона, ҳадди аққал тарҳи мӯй (прическа), ки хоси бачаҳои Гамбурги Олмон аст ва онро дар Ватани мо прическаи хурӯсак меноманд, шояд ба пулиси мо тааҷҷубовар намуда бошад.

Ва ана ҳамин зебояки нозуксалом таваҷҷӯҳи пулисеро (шояд мусаллаҳ бошад) ба худ кашидааст, ки чӣ тур ин хушрӯи порсигӯ шиносномаи тоҷикӣ дорад?

Иқтибос: Аммо ҳоло ки бузургони ҳомии забон чун Лоиқ, Зафар Нозим ҳузурашонро аз мо дареғ доштаанд, аз вазъияти забони форсӣ дар Тоҷикистон дубора чизе ҷуз ҳайфу дареғ надорем, ки бигӯем.

Ҷавоб: Аввал ин ки Лоиқу Зафар бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва шефтаву волои ҳеҷ 1 лаҳни дигар набуданд.

Дуввум: Худро ба Фирдавсиву Рӯдакӣ қаробат надиҳед! Тавба гӯед! Онҳо мисли «хубони форсигӯ» набуданд, ки аз 1 пурсиши оддии пулис фарёд бардоранд.

Охир-уд-даъвоно: (Ин барои нозукандомон, ки фаҳмо бошад) Баъди Лоиқу Зафар модари тоҷик садҳо вориси забон ба дунё овардааст (назоидааст?). Вале чаро хомӯшанд? Ҳадди аққал намегӯянд, ки забони гуфтугӯии кӯча, лаҳҷаи 1 минтақа забони дафтару девон ва коргузорӣ нест...

Ва пешгӯиву насиҳатҳои ана ҳамин файласуфи ҷинсаш номуайян идома дорад, ки дорад. «Ногуфтаниҳо...»-и дигараш ин батар аз дингалаҳои пешин аст. Шафтолуи гапамро гӯям?

Иқтибос: «...Мардум табдил ба рама мешавад ва роҳбари давлат худ ба худ табдил ба чӯпон мешавад. Чӯпон бо рама ҳар он чӣ мехоҳад, мекунад, вақте чӯпон бихоҳад, барои қазои ҳоҷат аз як гӯша ба гушаи дигари мулкаш биравад, рамаро аз роҳҳо канор мезанад,...». Пеш аз ҷавоб чанд суол:

- Куҷоянд зиёиёни тоҷик? Магар онҳо ба ин навишта розианд?  Чаро бетарафиро пеша кардаанду худро нодида мегиранд? Ва ё воқеан ҳам фикр дорем, ки мо гӯсфандем???

Ҷавоб: Не, ман гумон дорам, ки онҳое ғурури миллӣ доранд, садо баландтар аз ман мезананд алайҳи 1 ватанбезор. Ё нигоҳи дуруст медоштанд ба зиндагӣ, ин матлабро пешкаши умум намекарданд ва 1 миллати соҳибтамаддунро аз нигоҳи бозичаи дасти дигарон-арӯсак (бо забони ба мухотаб фаҳмо) ва барои Тоҷик фаҳмотар-лӯхтакчае баҳо намедоданд!

Ростӣ, агар аз рӯи нақли шоҳидон гӯям, ӯ худ замоне «гӯсфанди занҷирпеч» будӣ, ки баъдтар дар кӯчаҳои пушти театри Опера ва балет «иқомат» ёфтаву дар кӯчаҳои «Красные фонары»-и Гамбурги Олмон бо эрониёну афғонҳои ҳамсони худ «роҳат» зиндагӣ дорад. Агар бад-ин минвол бошад, аввал рӯи бетаҳоратро ғусл фармо, сипас хома ба даст бигиру Миллати Шарифи Тоҷикро ном бубар, ки Зебуннисо – аз хубони порсигӯ, аз зебу зиннат худро канор мегирифт…

Ана ҳамин, оид ба дигар қаҳрамониҳоят аз забони устоди ҳамсонат мегӯям: «Арӯси ҷавони демократ

Парда аз рӯи худ мебардорад

Ва ҳама мебинанд, ки ӯ бокира нест».

Чизе гӯӣ, бигӯ, вале миллатро кордор нашав, ки мегӯям, шогирдат мегиранд! Шогирди Одина – яъне рӯзи ҷумъа.

 

Вориси Шерзод, 

ш.Душанбе

 

PS: Хайр чӣ хел? Қаҳрат омад? Чӣ фикр кардӣ, миллатеро гӯсфанду рама хондиву ҳама хомӯш мешинанд??? Ва ё «гӯсфанд» бо лаҳҷаи дигар «бэъ-беъ» кардаву ба «оғили ҳамсоя» даромад, шер мешавад? Ин оғози кор аст; ҳоло ман бо ту сухан бисёр дорам…

 

Аз редаксия: Албатта, матлаби Дориюши Раҷабиён дар дигар газета ба дасти нашр расидааст ва табиист, ки ин посух бояд дар ҳамон рӯзнома нашр мешуд. Вале чун дар он матолиб МИЛЛАТ таҳқир ёфтааст, СССР муваззаф будӣ, ки ҳамчун нангбардори Тоҷик посухи ин хонандаи пурғурурро чоп кунад: 

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter