ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Тротский то манъи ҲКИШ

  • Чоршанбе, Авг 26 2020

 

20.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ моликияти шахсӣ ба амволи ғайриманқул дар шаҳрҳо мамнӯъ карда шуд.

20.08.1918. Дар русияи Шӯравӣ нашриёти "Адабиёти ҷаҳонӣ" таъсис дода шуд. Дар ин нашриёт асарҳои нависандагони барҷастаи кишварҳои гуногун табъу нашр мешуданд.

20.08.1922. Аз пойтахти СССР, шаҳри Маскав пахши оммавии барномаҳои радиёӣ ба кулли нуқоти кишвар ба роҳ монда шуд.

20.08.1940. Дар пойтахи Мексика, шаҳри Мехико яке аз сарварони инқилоби октябрӣ Лев Тротский сахт маҷрӯҳ гардид. Тротский натавонист аз ин захм ҷон ба саломат бибарад ва рӯзи дигар вафот кард.

20.08.1968. Оғози амалиёти "Дунай". Дар рафти ин амалиёт артишҳои кишварҳои Созишномаи Варшава ба Чехословакия ворид гардиданд.

21.08.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаи банақшагирии давлатӣ "Госплан" таъсис дода шуд. Ин кумитаи нав тамоми иқтисодиёти Шӯравиро идора мекард.

21.08.1942. Дар рафти набарди Қафқоз, сарбозони олмонии дивизияи кӯҳии "Эделвейс" дар баландтарин қуллаи қаторкӯҳи Қафқоз, қуллаи Элбрус парчами Рейхи саввумро барафрохтанд. Ин парчамро танҳо зимистони соли 1944 кӯҳнавардони шӯравӣ бо сарварии Гусев канда, ба ҷояш парчами СССР-ро боло бурданд.

 21.08.1945. Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико тазвили молу маҳсулотро ба СССР аз рӯи барномаи ленг-лиз қатъ карданд. 

21.08.1986. СССР расман эълон намуд, ки садамаи нерӯгоҳи атомии Ченобил бо сабаби саҳлгангорӣ ва бепарвоии ҳайати кормандони нерӯгоҳ ба вуқӯъ пайваст.

22.08.1941. Кумитаи давлатии мудофиаи СССР Қарори № 562-ро ба имзо расонид. Тибқи ин қарор шароб расман ба таъмини Артиши Сурхи амалкунанда ворид карда шуд.

23.08.1939. СССР бо Олмони фашистӣ Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид. Ин созишнома дар таърихнигории муосир бо "Пакти Молотов-Рибентроп" маъруф аст.

23.08.1989. Дар арафаи 50 солагии имзои пакти шӯрави-олмонӣ дар кишварҳои Назди Балтик, иқдоми Роҳи Балтик роҳандозӣ гардид.

Дар ин иқдом сокинони Литва, Латвия ва Эстония як занҷираи инсониро созмон доданд, ки дарозиаш ба 600 км тӯл кашид. Дар ин занҷира зиёда аз 2 млн одам сафороӣ карданд ва ин дарозтарин занҷираи инсонӣ дар дунё ба шумор меравад.

23.08.1991. Президенти РСФСР Борис Елтсин, фаъолияти ҲКИШ ва интишори рӯзномаи "Правда"-ро дар қаламравӣ Русия мамнӯъ кард. 

24.08.1990. РСС Тоҷикистон Эъломияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонид.

24.08.1991. Михаил Горбачев эълон намуд, ки аз вазифаи котиби генералии КМ ҲКИШ даст мекашад ва аз ҳаммаслаконаш даъват кард КМ-ро пароканда кунанд.

25.08.1933. СССР дар якҷоягӣ бо ИМА, Канада, Австралия ва Аргентина, ки истеҳсолкунандагони асосии ғалла ба шумор мерафтанд Созишномаи ғалларо ба имзо расонид. Тибқи ин созишнома кишварҳои мазкур истеҳсоли ғалларо афзоиш дода, нархи онро ба танзим медароварданд.

26.08.1991. Дар Маскав Иҷлосияи ғайринавбатии парлумони СССР доир гардид. Дар ин иҷлосия фаъолияти ҲКИШ дар тамоми қаламрави СССР мамнӯъ гардид. Худи ҳамин рӯз раиси собиқи ШО СССР Анатолий Лукянов ба ҳабс гирифта шуд. 

 

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter