ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 27 Феврал 2020 16:52

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 09:29

Салом СССР. Ман 1 шикоят дорам, ки дарди дили ҳазорон хонанда аст. Чанд соли дигар мо сарсону саргардон аз пушти 1 “справка” ҷамоат ба ҷамоат, ноҳия ба ноҳия гардем? Ҳаёт дар ҷараён аст ва сол аз сол шумораи аҳолӣ зиёд шуда, техникаву технология тараққӣ карда истодааст. Вале дар деҳоту ноҳияҳо то ҳол мушкилҳои зиёде ҳали худро наёфтаанд. Мо барои андак кор ба ҷамоат медавему аз ҷамоат ба ноҳия. Агар корамон барор гирад хуб, лекин бисёр вақт корамон нотамом мемонаду маҷбур мешавем, ки боз чанд рӯзи дигар рафту омад кунем. Охир, ана соҳибистоқлол шудамонро 28 сол шуд. Намешавад, ки ҳама корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар маҳалла ҳалу фасл шавад? Масъулин барои ин мушкилии мардум чораандешӣ намекунанд! Бояд муомилаю муошират ва рафту омад байни корафтодагону коргузорон  бе мушкилӣ, тавре роҳандозӣ шавад, ки халқи бечора аз ноҳияву деҳоти дурдаст сарсону саргардон ба маркази ноҳия, сипас вилоят ва ахиран пойтахт наоянд. Ҳукуматро ку гӯё электронӣ кардаем, вале сарсониву саргардонии мо пирони барҷомонда то кай давом мекарда бошад?    

Ҳоҷӣ Саид Камолзода, Узви Ихвон ал СССР

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 09:24

 Дуруд бар газетаи мардумии СССР. Ман аз соли 2013 дар мактаби Президентии ш.Кӯлоб ҳамчун омӯзгори фанни риёзӣ кор мекардам. 5 сол фаъолият намудем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста бозии шоҳмотро васф ва ҳатто пешниҳод карданд, ки шоҳмот ҳамчун дарс дар мактабҳо гузаронида шавад. Мо дар пайравии Президент маҳфили шоҳмотро роҳандозӣ намудем ва хонандаҳои мо дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро гирифта, соҳиби медалу ифтихорномаҳо мегаштанд. Вале бо омадани директори нав-Одилзода Дилбар кори маҳфил бад гардид. Он кас моҳи январи соли 2019 моро даъват карда, сароғоз маҳфиламонро хеле таърифу тавсиф намуда, сипас аз ... баста шудани маҳфили шоҳмот хабар доданд. Мо сабабашро пурсидем, дар ҷавоб директори мактаб гуфт, сабаб-ин нарасидани маблағ аст. Ин гуфтаҳо комилан дурӯғу баҳона буданд. Зеро ин маҳфил дар давраи директории Шукуров пайваста дар мактаб гузаронида мешуд ва масъалаи маблағ ҳеҷ вақт мушкилӣ намеовард. Ҳамин хел директори нав 12 маҳфили илмӣ, технологӣ, ҳунариро бо ҳамин сабаб баста, маблағҳои ба маҳофил ҷудошударо ғайриқонунӣ гардониданд. Мо ҳамроҳи 6-7 муаллим ба истеъфо рафтем. Аз ҷумла Чиланисо Яфталиева-муаллимаи ҷавон ва хеле фаол маҷбур ба Русия кӯч баст! Муаллимоне буданд, ки ба мактаб медалҳои тилло меоварданд, вале онҳо дигар тоқати чунин беадолатию бесарусомониро накарда аз кор рафтанд. 

 Дар мактаби президентии Кулоб муқобили сиёсати сарвари давлат кор мебаранд, яъне роҳандозӣ намудани маҳфилҳою олимпиадаҳо дар мактаб, бахусус маҳфили шоҳмот, сиёсати бевосита пешгирифтаи президенти кишвар буд. Пурсида мешавад, ки чаро 5 сол ягон мушкилӣ маҳфилҳои Маткаби президентии Кӯлоб надоштанду бо омадани директори нав якбора маблағ норасоӣ карду онҳо баста шуданд? Шояд ба ин суол дар вазорати маориф посух мегӯянд?

Нусратулло Шарипов, собиқадори соҳаи маориф

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 09:22

 

Муҳиддин Олимов сокини ш. Душанбе меҳмони редаксия шуда, гуфт, ман 1 чиро намефаҳмам, ба ман фаҳмонед: Чаро 2-занагӣ ҷазо дораду 2 шавҳарӣ не?! Мефаҳмонам. Ба наздикӣ шоҳиди қиссае шудам. Зане бо 1 шиносам никоҳ карда, зани 2 шуд. Вале чанде ба баъд маълум шуд, ки ӯ дар қишлоқ шавҳар доштааст. Чун «разбор» зиёд шуд, фаҳмидем, ки ин за на 2, балки 3 шавҳар доштааст. Бовар кунед, чунон намозхону батақвост, ки агар ҳамин кашмакаш намешуд, касе бовар надошт, ки ин зан умуман қаҷпой бошад. Зимнан чун ин моҷароро ҷое қисса мекардам, ҳамсӯҳбатам  гуфт, ин чист, мо бобоямонро зан додем. Вале баъдан маълум шуд, ки он зан ҳам дар вилояти Хатлон ва ҳам дар Суғд шавҳар доштааст. Ҳамингуна қиссаҳо зиёданд. Мардон ба Русия мардикорӣ мераванду баъзе занҳои беимон, шавҳари «никоҳӣ» мекунанд. Зимнан суоли ман ин аст, ки чунин занҳоро бояд чӣ ҷазо дод? Ва оё бисёриздивоҷӣ танҳо хоси мардон асту ҳатман онҳоро бояд муҷозот кард? Занҳоро чӣ ва кӣ бояд ҷаримаву ҷазо диҳад???

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 09:10

Меҳрона Ҳакимова, хонандаи мактаби миёнаи №30-и пойтахт ба идораи редаксияи Газетаи мардумии СССР занг зада хоҳиш намуд, ки дар бораи шустани ҳайкалҳои ш.Душанбе, хосса муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар боғи ҳамноми шоир ва муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ дар боғӣ ба номи Фирдавсӣ маълумоти бештаре омода намоем. Мо ин дархости хонадаи газетаро пайгирӣ намуда, бо Толиб Раҳимзода, муовини раиси ш.Душанбе оид ба масъалаҳои ободонӣ сӯҳбат намудем.

Зангҳоро пок мекунанд…

Толиб Раҳимзода дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири газета иброз дошт, оне, ки мардум фикр мекунанд, ҳайкалҳоро бояд ҳафтае 1 маротиба ва пас аз боридани барфу борон шуст, аслан хатост.

- Ҳайкалҳоро шустан мумкин нест, зеро рангу намуди зоҳириашон метавонад иваз шавад. Муҷассаи Исмоили Сомониро мутахассисон умуман намешӯянд, зеро он аз маҳсулоти хеле ҳам гарон ва нозук бунёд ёфта, шустани он қатъиян манъ аст. Танҳо бо маҳлули махсусе, ки олимони Академияи илмҳои ҶТ тайёр менамоянд, доғҳои занги бархе аз қисматҳои муҷассамаро хеле эҳтиёткорона пок карда мегиранду халос. Муҷассамаи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсиро низ ҳамин тавр аз зангу доғҳо пок мекунанд!

Ҳайкалҳоро шустан мумкин нест!

Толиб Раҳимзода мегӯяд, ки ҳайкалҳоро ҳатто тез-тез пок кардан мумкин нест, алалхусус бо маҳлули собуну хокаи шустушӯӣ. 

   - Истифодаи чунин моддаҳо ҳайкалҳоро хароб мекунад. Меъморон ҳангоми эҷоди онҳо иқлим, таъсири обу ҳаво, гармиву сардиро ба назар гирифта, маҳсулоти махсусро истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз нигоҳубини муҷассамаву ҳайкалҳо корбарии хосро талаб менамояд ва хар кас иҷозати пок кардани онҳоро надорад, зеро ин ҳам 1 санъати бузург аст. Масъули тозаву озода нигоҳ доштани ҳайкалҳо Раёсатҳои истифодабарии роҳҳо ва ободонии ҳар 1 ноҳияи пойтахт буда, нигоҳубини муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯабдулло Рӯдакӣ бошад, ба мутахассисони Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ вогузор шудааст, таъкид дошт муовини раиси ш.Душанбе.

   Тавре огаҳӣ ёфтем дар ҳудуди ш.Душанбе беш аз 50 муҷассамаву ҳайкалу нимпайкара гузошта шудаанду агар шумо гоҳе дидед, ки рӯи ҳайкалҳо паррандаҳо амсоли ҳайкали В.И.Ленин дар гузаштаву Камоли Хуҷандӣ  ва ғ. ва ҳ. «номаъқулӣ» кардаанд, нигарон набошед: мутахассисон медонанд, ки кай ва чӣ гуна онҳоро тоза кунанд.

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 09:02

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:56

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:47

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 13

Китобҳо

Flag Counter