ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 31 Январ 2020 17:48

 

Ҳавопаймоеро, ки чанд сол пеш дар фурудгоҳи Кӯлоб ба ҳабс гирифта буданд, фурухтаанд.

Як чархи ҳавопаймои “Аэробус А320”-и ширкати «East Air»  шаш сол пеш ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи Кӯлоб осеб дид. Ба дунболи ҳодиса фаъолияти «East Air» тафтиш карданду муҷаввизи фаъолияташро гирифтанд.

Алӣ Комилзода, раиси фурӯдгоҳи байналмилалии Кӯлоб  дар бастагӣ ба қазия гуфт, 

“Додгоҳи иқтисодӣ бо чи маблағ он ҳавопайморо ба Суҳроб Баротов дод, ки ӯ ба мо маълум нест. Ин нафар ҳавопайморо ба касеи дигар савдо кард ва ӯ омада ҳавопайморо гирифта бурд. Рости чи қадар маблағ буд ва бо чи қадар маблағ онро савдо кард, ба мо дақиқ нест, вале ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи мо буд”

Коршиносон арзиши ин ҳавопайморо ҳудуди 50 миллион доллар медоданд. Вале дар музоядае, ки 30-уми ноябри соли гузашта шуд, арзиши ибтидоии он 2млну 300 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 230.000$ ИМА гуфта шуд. Соли 2015 мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ширкати «East Air»-ро бинобар риоя накардани талаботи бехатарӣ аз ҳаққи фаъолият маҳрум карданд.  Владимир Куимов, роҳбари ширкати “East Air” гуфта буд, ки дахолати рақибону рақобати носолим сабаби қатъи фаъолияти онҳо шуд. Ширкати «East Air» бо 5 ҳавопаймо 10 сол дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

 

Баҳодур  Уроқов

 

Ҷумъа, 31 Январ 2020 16:45

Имомзода Муҳаммадисуф вазири нави маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31.01.2020 зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори газетаи мардумии СССР дар мавриди мактаб ва шумораи хонандагон гуфт: Солҳое, ки ман дар мактаби миёна  таҳсил мекардам, дар синфхонаи мо  на кам аз 20 ё 25 хонанда  таҳсил мекард... Аммо муҳтарам вазир нагуфт, ки чаро шумораи хонандагон айни ҳол дар синфхонаҳои шаҳрҳо, ба вежа Душанбе, ба 45-47 нафар мерасад ва мушкили  асоси мактаббачагон  зиёд шудани аҳолӣ не, камии синфхонаҳост. Фарзи мисол, дар Ҳинду Хитой саршумори аҳолӣ ба карат аз мо зиёд аст, вале дар 1 синф  10-12 нафар хонанда таҳсил менамояду бас. Бояд тазаккур дод, ки синфе бо 45 ва баъзан 50 нафар хонанда шумораро зиёд мекунад, на сифатро...

Омирона Достиева

 

Ҷумъа, 31 Январ 2020 16:43

31.01.2020. Зимни нишасти матбуоти ба суоли хабарнигори СССР дар мавриди мақоланависии омӯзгорон ва нашри онҳо дар матбуоти даврӣ, Назирӣ Латофат Қаҳҳор, муовини вазири маориф ва илми кишвар  посух дод,  ки муаллмон бояду шояд тарзи навиштанро омузанд ва на кам аз 3 мақолаи худро дар газетаи “Омузгор” ва дигар нашрияҳои соҳаи маориф бояд чоп намоянд.  Аммо муовини вазир нагуфт, ки омӯзгорон  бояд ба шогирдони худ вақт ҷудо карда,  илм омузонанд, ки  вазифаи усулии муаллимон аст ва ё  “журналистӣ” карда саргардон шаванд???

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Омиронаи Сайёф

Ҷумъа, 31 Январ 2020 15:44

 

 

  Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” дар робита бо эълон шудани ҳолкати фавқуллодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар пайи хуруҷи глобалии сирояти коронавирус, ҳамзамон дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти болозикр, қарор қабул намуд, ки дар моҳи феврали соли 2020 муваққатан иҷрои хатсайрҳоро дар самти Душанбе-Урумчи-Душанбе қатъ намояд. Дар баробари ин тавре ҳамин ҳоло ба мухбири СССР хабар расид. Ширкати “Хатҳои ҷанубии Хитой” низ парвозҳои худро аз Урумчи ба Душанбе барои ду ҳафтаи оянда мувақатан қатъ кардааст.

 Тавре маркази матбуоти ширкати мазкур хабар додааст, ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони худ барои эҷоди нороҳатӣ, ки бо сабаби таъмини бехатарӣ ба амал омадааст, маъзарат мепурсад.

Маблағи чиптаи мусофирони хатсайрҳои қатъшуда баргардонида мешавад ва ё бо хоҳиши мусофирон чиптаи парвоз ба мӯҳлати дигар иваз хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро оиди хатсайрҳои қатъшуда метавонед аз маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои 44 640 40 49 ва 44 640 40 50 дастрас намоед.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо сабаби ҷашни Соли нав дар Хитой аз санаи 24-уми январи соли ҷорӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Урумчи ва бозпас муваққатан қатъ карда буд. Хатсайри аввалин дар самти Душанбе-Урумчи баъди ҷашнгирии Соли нав ба санаи 4 феврал ба нақша гирифта шуда буд.

 

 

 

Ҷумъа, 31 Январ 2020 15:41

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ собиқ ректори ДМТ ва вазири ҳозираи маориф ва илми ҶТ дар нишасти матбуотӣ, дар санаи 31.01.2020, зимни нишавст бо хабарнигорон ба суоли журналистон: “Оё дуруст аст, ки аз миёни муаллимон ва дигар кормандони алоқаманд ба вазорати маориф, чанде ба гурӯҳи “Бародарони мусалмон” шомил будаанд?» посух дод, ки “Бале ин хабар воқеан ҳам дуруст аст. Ҳатто ман чанд нафари онҳоро худам мешинохтам, ки дар ДМТ кору фаолият доштанд ба ҳайси муаллим ва донишманд. Лекин айни замон нисбати онҳо чизе гуфта наметавонам, зеро қарори суд набаромадааст ва нисбати ин нафарон таҳлилҳо гузаронида истодаанд. Ҷурм ё гуноҳи одамро танҳо суд муайян мекунад”...

                                                                                                                                          Шералӣ Давлатов

 

Ҷумъа, 31 Январ 2020 11:02

    Ташкилоти байналмилаллии ҳифзи саломатӣ хуруҷуи каронавирусро дар Чин чун ҳолати фавқулодаи байналималлӣ эътироф намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки  барои пешгирии вируси мазкур якҷоя муттаҳид шаванд. Ин дар ҳолест, ки сироятёфтагони каронавирус марзи 4000 нафарро низ убур сохта, соат ба соат меафзояд. Хуруҷи коронавирусро дар тамоми музофотҳои Чин ва дар 16 кишвари дигар ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ҷопон, Ветнам, Камбоҷа, Малазия Ҳиндустон, Сингапур, Непал Финланди, Аморати муттаҳидаи араб, Фаронса, Олмон, Австралия, Канада ва ИМА низ мушоҳида карданд. 

    Олими соҳаи тиб, проффессори сироятшиноси англис Робин Шаток дар суҳбат бо телевизиони ВВС иброз доштааст, ки коронавирус дар организми инсон аз 5-7 то 14 рӯз номаълум боқӣ монда, баъд якбора хуруҷ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки имкони бештар шудани гирифторони вируси мазкур новобаста аз чораҳои бехатарии андешидашуд, ҳар лаҳза метавонад афзояд. То кунун зиёда 200 нафар аз коронавирус ба ҳалокат расида, наздики 8000 нафарри дигар мубталои он гардидаанд. 

    30 январи соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе оид ба дарёфт ва пешгирии бемории сироятии коронавирус брифинг баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода иштирок ва суҳбат намуд. Зимни мулоқот бо хабарнигорон иброз дошт, ки бо дарназардошти вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии бемории мазкур дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ҳамзамон, мо ҳамарӯза  бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба вазъи бемории мазкур дар Ҷумҳурии мардумии Чин табодули маълумотӣ дорем-афзуд ӯ.

    Дар идома ҷаноби Мирҳамуддин Камолзода ба саволи рӯзноманигорон вобаста ба овозаҳо дар мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба бемории мазкур гуфт: “хабарҳое, ки чанд рӯзи охир вобаста ба сирояти шаҳрвандони кишвар ба бемории  коронавирус дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардиданд,  ҳақиқати воқеӣ надоранд ва хушбахтона, то кунун ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

 

Исмоилҷон Маликов, СССР

 

 

Ҷумъа, 31 Январ 2020 10:50

    Дар соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 варзишгоҳ, 310 майдонча, 41 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, дар шаҳри Душанбе бошад соли гузашта 55 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. 

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, дар вилояти Хатлон соои 2019 107 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 96 майдончаи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 адад маҷмааи варзишӣ ва 1 варзишгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Ёвон, Норак, Кушониён, Восеъ, А.Ҷомӣ, Фархор, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Дӯстӣ, Балҷувон, Вахш, Қубодиён, Данғара, Ҳамадонӣ, Ҷ.Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шаҳритуз ва Ҷайҳун сохта ба истифода дода шудааст.

    Дар вилояти Суғд бошад 116 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 97 майдончаи варзишӣ, 17 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Спитамен, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Мастҷоҳ, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ҷ.Расулов, Гулистон, Бӯстон, Деваштич, Б.Ғафуров, Айнӣ сохта, мавриди истифода қаорор гирифт. 

   Дар ВМКБ 9 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 8 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон,  Рушон, Ванҷ ва Дарвоз сохта ба истифода дода шудааст.  Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили Роғун, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Варзоб, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Рашт, Рӯдакӣ ва Лахш 70 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

    Бояд гуфт, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 9835 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 6991 майдончаи варзишӣ, 1766 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

 

Ҷумъа, 31 Январ 2020 10:39

Дар соли 2019 дар вилояти Хатлон 29 778 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, дар ин муддат 2640 оила пош хӯрдааст. Дар ин бора Зинатгул Сафарзода, сардори Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон зимни нишаст матбуотӣ рӯзи 30.01.2020 хабар дод.

Мавсуф иброз намуд, ки дар соли 2019, 94 111 кӯдак таваллуд, шудааст, ки нисбати соли гузашта 1345 кӯдак зиёд аст. Фарзандхонӣ 515 ададро ташкил дод, ки он ҳам нисбати соли гузашта 85 адад афзоиш ёфтааст. 

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон 

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter