ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 12:26

 

 - Ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба шумор рафта, масофаи он то маркази пойтахт 200 км-ро ташкил медиҳад. Ва мутаассифона, ба бархе соҳаҳои муҳиму калидии кишвар дар чунин ноҳияҳои дурдаст таваҷҷӯҳи лозима дода намешавад.

    Мухбири СССР дар вил. Хатлон зимни 1 сафари корӣ ба Қубодиён аз вазъи имрӯзаи мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия бохабар шуд. Бинои мактаби мусиқии бачагона кӯҳнаву фарсуда гардида, дар фасли зимистон аз боми бино мазкур об мечакад. Хонандагон бошанд аз надоштани китобҳои мусиқӣ дар рафти таълим ночор аз ашёҳои кӯҳнаи мавҷуда истифода намуда, дарси мусиқиро аз худ мекунанд. Хонандагони мактаби мазкур умед бар он доранд, ки рӯзе дар радифи корҳои ободонӣ ва созанда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ онҳо ҳам соҳиби мактаби нави мусиқӣ бо шароитҳои лозими мегарданду дар синфхонаҳои замонавӣ машғули таълим мешаванд.

   Бояд қайд намуд, ки утоқи синфхонаи таълимӣ 3х4 метр масоҳат дошта, дар ин бинои фарҳангӣ боз китобхонаи бачагона ва китобхона барои калонсолон низ ҷойгир аст. Утоқи мусиқӣ на миз дораду на курсӣ ва на асбобҳои муосири таълимӣ. Бо чунин вазъу ҳолат чӣ гуна соҳаи фарҳанг рушд хоҳад кард? Умедворем, ки Зафар Файзуллозода раиси ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ ба соҳаи фарҳанг назари ҷиддӣ мекунад.

Б. Уроқов, СССР, Хатлон 

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 12:21

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳини баррасии вазъи хоҷагии қишлоқи кишвараш барои беҳбуди чорводорӣ дастур дод, ба мардуме, ки хоҳиши парвариши чорворо доранд, аз ҳисоби давлат чанд сари гови зотӣ бидиҳанд. Ин говҳо, ба гуфтаи президент, шири зиёд медиҳанд ва ба чорводорон фоидаи зиёд меоранд. Инчунин президент гуфт, дар доманакӯҳҳои кишвар, парвариши моҳӣ роҳандозӣ гардад. Мо Метавонем дар дарёчаҳои кӯҳиамон парвариши гулмоҳӣ, тосмоҳӣ ва дигар навъҳои моҳиҳоро роҳандозӣ намоем иброз дошт Мирзиёев. Мо Метавонемро худаш гуфт, на мо. Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 12:19

     Дар доираи идомаи амалиёти шартии «Корд» кормандони РВКД ҶТ дар ш.Душанбе, боз 14-нафар шаҳрвандонро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанинну дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро мегардониданд. Дар рафти амалиёт аз онҳо 8-адад корд, 2-адад кастет ва 1 адад таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира гардид.

    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла нисбати 5-нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзи татбиқ карда шуд. 

 

 

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 12:13

Сароғози гуфтор номи Худост,

Ки бахшандаю меҳрубон халқрост.

Аллома Муҳаммад  Иқболи Лоҳури 3-юми зулқаъдаи  соли 1294-и ҳиҷрӣ  мутобиқи 9-уми ноябри соли 1877-и мелоди  дар шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоби Ҳиндустон чашм ба олами ҳасти мекушояд. Гузаштагонаш аз бараҳманҳои Кашмир буда, тақрибан 250 сол пеш аз ин бобокалони ӯ бо сабабе зодгоҳи худро тарк намуда ба шаҳри Сиёлкути Панҷоб омада, дини исломро қабул менамояд. Худи Иқбол ишорае дорад.

Маро бингар, ки дар Ҳиндустон дигар намебинӣ,

Бараҳманзодае размошнои Руму Табрез аст.

Танам гиле зи хиёбони ҷаннати Кашмир,

Дил аз Ҳарими Ҳиҷозу наво зи Шероз аст.

Падари ӯ Нурмуҳаммад ном дошта, муътақиди эҷодиёти Саноӣ, Аттор, Буалии Қаландар, Бедил, Маҳмуди Шабистарӣ, Алии Ҳамадонӣ ва дигар шоирони тассавуф буда, бо вуҷуди шуғли тиҷорат, бештар вақти худро ба омухтани Ҳадис, Қуръон ва фиқҳ мегузаронд:

Писар, ки надорад нишони падар,

Ту бегона хонаш махонаш писар.

 

Туфуллият ва шубоб

Иқболи хурдсол дар синни 7 солагӣ Қуръони Каримро ҳифз менамояд. Пас аз ин мактаб ва мадрасаро дар Сиёлкут хонда ва бо муваффақият ба охир мерасонад. Дар ин давра таваҷуҳи адиб донишманди машҳури вақт Шамсулуламо Мавлавӣ Мир Ҳасанро ба худ ҷалб менамояд. Шайх чанд муддат ба тарбияи Иқбол машғул мешавад ва ӯро ба гуфтани шеър ташвиқ мекунад ва маслиҳат медиҳад, ки ба забони падараш панҷобӣ не, балки ба забони урду, ки дар он вақт инкишоф ёфта буд, асар офарад.

Ӯ баъди хатми мадрасаи ибтидоӣ ба мактаби илмҳои техникии Сиёлкут дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Аз рӯи қоида толибилме, ки мактаби аврупоиро бо баҳои аъло хатм мекард, 2 сол аз тарафи ҳукумат ёрдампулӣ мегирифт. Ин барои дар оянда таҳсилро дар Лоҳур давом додани Иқбол имкон дод. Иқбол соли 1896 ба мақсади соҳиби маълумоти олӣ шудан ба Лоҳур омада, ба коллеҷи давлатӣ дохил мешавад.

Асосан он солҳо шеърҳои ӯро Маликушуаро Доғи Деҳлавӣ ислоҳ мекард. Доғи Деҳлави пас аз чанд маротиба тасҳеҳ намудани ашъораш навиштааст, ки каломи шоир дигар ҳоҷат ба ислоҳ надорад. Доғи Деҳлавӣ чун Иқбол шуҳрати офоқ мешавад баъзе вақтҳо мегуфт: "Аввалҳо аксар ашъори Иқболро ман тасҳеҳ мекардам".

 

Синтези Шарқу Ғарб

Иқбол дар Лоҳур ба шарқшиноси маъруфи англис Томас Арнолд, соҳиби 2  асари аламшумул "Хилофат" ва "Мусалмонони Ҳиндустони Шимолӣ", ки дар Рум ва Оксфорд, ки солҳои 1899-1924 ба табъ расидаанд шинос мешавад. Томас аз истеъдоди фавқулодаи Иқбол пай бурда, ӯро ба омӯхтани фалсафаи Ғарбу Шарқ ташвиқ мекунад ва худаш бевосита ба ӯ роҳбарӣ мекунад. 

Иқбол соли 1899 донишкадаи олии Лоҳурро бо медали тилло хатм ва соли 1903 нахустин асари илми "Ал-Иқтисод"-ро ба чоп мерасонад ва унвони «магистри фалсафа»-ро соҳиб мегардад. Аввалин шеъри ӯ "Ҳимолой" соли 1901 аз ҷониби Шайх Абдулқодир ба табъ расида, Иқболро ҳамчун шоир ба мардум муаррифӣ мекунад:

Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест,

1 нолаи хомӯшу асарбохта оҳест.

Ҳар зарраи ин хоки гираҳхурда нигоҳест,

Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу Ҳамадон хез.

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез.

Ӯ дар Лондон ва Кембриҷ бо шарқшиносони машҳури анлис Броун, Николсон ва Теггерӣ шинос мешавад ва дарро ба Ғарб мекушояд. 

Хирад афзуд маро дарси ҳакимони фаранг,

Сина афрухт маро сӯҳбати соҳибназарон.

 

Мақсади Иқбол шоирӣ набуд

  Шоирӣ з-ин маснавӣ мақсуд нест,

Бутпарастӣ бутгарӣ мақсуд нест.

Ҳиндиям аз порсӣ бегонаям,

Моҳи нав бошам, тиҳӣ паймонаам.

Хусни андози баён аз ман маҷӯ,

Хонсору Исфаҳон аз ман маҷӯ.

Гарчи Ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтараст.

Дар «Паёми Машриқ"  аз Амонуллохон ва шоири шаҳири немис Гёте ёдоварӣ мекунад ва шахсияти Гётеро хеле боло мегузорад ва худро дар муқобили эшон муқоиса мегунад ва Гётеро мегӯяд:

Ӯ чаманзоде чаманпарвардае,

Ман дамидам аз замини мурдае.

Аз сухан сармоядорам кардаанд,

Дар диёри Ҳинд хорам кардаанд.

Баски гардун  сифлаю дунпарвар аст,

Вой бар марде, ки соҳибҷавҳар аст.

Боре президенти вақт Ҷавоҳирлол Неърӯ чанд қобча рупия равонаш мекунад. Шоир, ки ба паҳлу нишаста буд, ба ҳурмати меҳмонон аз ҷо хеста, бо эшон мулоқот мекунад ва мегуяд, ки ин рупияҳоро ба мардумоне, ки дар кӯчаҳои Ҳинд бемаскананду чизе надоранд, бурда тақсим кунед, ин моли эшон аст, ҳаққи эшон аст ва инҷо як шеър мегӯяд, ки бисёр нодир аст.

Нози Шоҳон намекашам, захми карам намехурам,

Дарнигари ҳавас фиреб, ҳиммати ин гадойро.

Пештар ба Миллали мутаҳид эътиқодаш бештар буд. Мегуяд ки:

Боди сабо ба Женева гузар кунӣ,

Ҳарфе зи мо ба маҷлиси ақвом бозгӯй,

Деҳқону кишту ҷую хиёбон фурухтанд,

Қавме фурухтанд, чи арзон фурухтанд.

Ва баъдҳо, ки дар ин идораҳои бонуфуз ҳам макру фандро исбот мекунад ба ақли хеш мегуяд: 

Дар Женево чист ғайри макру фанд,

Сайди ту ину он нахчири ман.

 

Нури аср

Дар ҳамон ҳолатҳо дар Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ ва Ҷавоҳирлол Неърӯ саркардаи ҳиндуён буданд ва сару саркардаи мусалмонон  Муҳаммадии Ҷиноҳ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ буд. Одамро Муҳаммад Иқбол хеле боло мугузорад:

Даме дар хештан хилват гузидам,

Ҷаҳони нозаволе офаридам.

Баъдҳо ба фарзандони мусалмонон насиҳат мекунад ва мегуяд:

Афранг зи худ бехабарӣ кард вагарна,

Эй бандаи муъмин ту баширӣ, ту назирӣ.

Ва дар давраи дигаргунсозиҳои Арабистони Саудӣ чун медид, ки мактабҳои қуръон ва шаклҳои таҳсил иваз мешаванд, бо андӯҳ мегуфт:

Чи кофирона  қимори ҳаёт мебозӣ,

Ки бо замона бисозӣ ба худ намесозӣ.

Дигар ба мадрасаҳои ҳарам намебинам,

Дили Ҷунайду нигоҳи Ғаззолию Розӣ.

Ба ҳукми муфтии Аъзам, ки фитрати азалист,

Ба дин саъба назебад кори шаҳбозӣ.

Ҳамон фақеҳи азал гуфт ҷура шоҳинро,

Ки ба осмон гаравӣ ба замин напардозӣ.

Манам, ки тавба накардам зи фошгӯиҳо,

Зи биме, ки ба Султон кунанд ғаммозӣ.

Ба дасти мо на Самарқанду не Бухороест,

Дуо бигӯ зи фақирон ба турки Шерозӣ.

Ва Муҳаммад Иқболи Лоҳури ки дар арафаи ҷашни эшон истодаем марде буд мардона ва шахсе буд фарзона. Хизмате, ки дар рушди забони тоҷикии мо кардааст, на ҳар каси мо карда метавонем.

 

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Хос барои СССР

Аз редаксия: Дар шумораҳои наздиктарин ба суолоти мазҳабиву уқдаҳои динии хонандагон, муаллифи фавқ посух хоҳад гуфт. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 12:08

     15 ноябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, Ҳамидулло Машрабзода ва кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. 

     Чорабинии идонаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашнҳои муқаддас-Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шӯрои Олӣ муборакбод намуд ва қайд кард, ки: “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корнамоӣ ва ҷонфидоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Зеро, Пешвои миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарии кишвар интихоб шуданаш бо дарки амиқи муҳиммияти соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъалаи ба муомилот баровардани пули миллиро ба миён гузошт. 

    Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 7-уми апрели соли 1995 рубли тоҷикиро чун нахустин пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ ташкил дод. 

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои кишвар ва суръат бахшидан ба дигаргунсозиҳои иқтисодию бунёди низоми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1995 Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ “Дар бораи аз 10-уми майи соли 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ – рубли тоҷикӣ” қарор қабул кард. 

    Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони мустақил соҳиби нахустин пули миллии худ гардид, ки ин дар он айём як падидаи ниҳоят муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор мерафт. 

    Гузашти айём бори дигар собит сохт, ки қарор дар бораи ташкил намудани низоми пулии мустақил иқдоми дурусту саривақтии стратегӣ буд, ки ба ташаккули истиқлоли иқтисодии мамлакат заминаи мусоид гузошт”. 

    - “Бисту ҳашт соли сипаришуда барои низоми бонкии мамлакат ва пули миллӣ таърихи тӯлонӣ нест, вале аз нигоҳи дастовардҳои назарраси имрӯза муҳим ва саривақтӣ будани қарорҳои қабулшуда ва вазифаҳои амалигашта бори дигар аз дуруст будани сиёсати пешгирифта дарак медиҳад. 

    Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мебоист мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад. Бинобар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмини устувории пули миллӣ замина гузошт. 

    Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо маҷмӯи дигар чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо ва ғайра имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани нишонаҳои нави пули миллӣ - “сомонӣ” заминаи зарурӣ фароҳам орад. 

    Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазии сомонӣ ва воҳиди хурди он дирам ба муомилот бароварда шуданд. 

Ворид гаштани нишонаҳои пули комилан миллӣ – сомонӣ, бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дигар муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла порчаи шеърӣ, ки ҳамчун пайванди азалии сиёсату иқтисод бо забону фарҳанги мо дар паси 10 сомонӣ ҷой дода шудааст, баҳри оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ дар назди низоми бонкии мамлакат ва аҳли ҷомеа вазифаҳои нав гузошт ва ба сифати ислоҳоти дигари пулии мамлакат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон барои ҳамеша бо номи Пешвои миллат сабт гардид. 

    Ҳамчунин бо мақсади истифода дар муомилот тангаҳои филизӣ ва ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ сикказанӣ шуданд. 

Низоми бонкии мамлакат бо рӯҳбаландӣ аз ғамхорию дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар навбати худ кӯшиш ба харҷ дод, ки ба низоми байналмилалии бонкӣ шомил гардида, аксари навгониҳои олами бонкдории ҷаҳонро дар фаъолияти худ ҷорӣ намояд ва ҳамқадами давру замон бошад. 

Бояд таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонки танзимгари фаъолияти бонкии мамлакат бо раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар нақши муассир дорад ва ҳамкориҳои судмандро бо созмонҳои бонуфузтарини молиявии ҷаҳон, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Корпоратсияи Молиявии Байналмилалӣ, хазинаҳои мамолики араб ва боз як зумра бонкҳои маъруфу бузурги мамлакатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, пайваста доираи ҳамкориро бо ин ва дигар созмонҳои бонкию молиявии ҷаҳон ҳамаҷониба густариш медиҳад” - таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода. 

    Дар ҷараёни чорабинӣ доктори илмҳои филология, сардори Шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов ба сухан баромада, аз ҷумла чунин гуфт: “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳи комил, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас мебошад ва хизматҳои Сарвари давлат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. 

    Сабаби ба ин рӯз рост омадани ин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганди садоқат ёд кард. Дар ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд ва мо имсол 25-солагии онро пуршукӯҳ таҷлил намудем, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. 

    Ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷисми ин ниҳоди давлатӣ ҷон бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода бурда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беихтиёр симои таърихӣ ва шахсияти барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллати тоҷикон пеши назар меояд”. 

    Дар идомаи ҷаласа намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Шӯрои бонувон ва Созмони ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат-меъмори сулҳи тоҷикон” ва “Нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати пулию қарзӣ” ва “Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ”, ки барои мардуми Тоҷикистон як сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гардид, маърӯза карданд. 

     Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи Президент таҳният гуфт ва ба халқи шарифи Тоҷикистони азизу маҳбуб, ки зери роҳбарии Сарвари оқилу дурандеши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар талош меварзанд, барору комёбӣ ва дастовардҳои арзишмандро таманно намуд.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ 

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 12:02

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 11:56

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 08:44

  

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 12

Китобҳо

Flag Counter