ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 31 Октябр 2019 13:53

 

   Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ, ки рӯзи 30.10.2019 ба тасвиб расиданд, Камолзода Фарҳод Воҳид, ки то имрӯз ба ҳайси раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини якуми раиси КДАМ ҶТ ва Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ таъйин гардиданд. 

    Тибқи фармонҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори ВКД ҶТ низ тағийроти кадрӣ сурат гирифта, генерал-майори хизмати дохилӣ Раҳмонзода Алихон Футур ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ, генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Носиров Анвар Дурманович ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҶТ, полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ, полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ҶТ, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ, полковники милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ ва полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия таъин карда шуданд.

   Инчунин, полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ, полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 ВКД дар н.Фирдавсии ш.Душанбе, полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҶТ, полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 ВКД ҶТ, дар н.Синои ш.Душанбе, полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 ВКД ҶТ дар н.Шоҳмансури ш.Душанбе, подполковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 ВКД ҶТ дар н.Синои ш.Душанбе, полковники милитсия Зубайзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 ВКД ҶТ дар н.Рӯдакӣ, полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Лахш, полковники милитсия Саидзода Қосим Шариф ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод», полковники милитсия Сайфуллозода Зафар Доранда ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Қубодиёни в.Хатлон, полполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб Раҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Балҷувони в.Хатлон, подполковники милитсия Муҳиддинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Дӯстии в.Хатлон, подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ҳамадонӣ, подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Истиқлоли в.Суғд ва полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалиии ВКД ҶТ таъин карда шуданд.

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 15:34

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 15:30

    Чанд лаҳза пеш Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия бо 1 ҳайати бонуфуз вориди Душанбе гашт. 

    Гуфта мешавад, ки мавсуф рӯзҳои 30 ва 31 октябри соли ҷорӣ ба кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом дода, мақсад аз сафар ин гузаронидани якчанд машваратҳо вобаста ба амнияти минтақа, алалхусус марз бо Афғонистон мебошад.

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 10:58

Президенти Русия, Владимир Путин журналист ва котиби Палатаи ҷамъиятӣ-Валерий Александрович Фадееви тошкандиро барои худ мушовир дар бахши Шӯрои ҳуқуқи инсон таъйин кард. Валера 10.10.1960 дар шаҳри Тошканди Узбакистон ба дунё омада, аз моҳи июни с.2017 то ин вақт вазифаи котиби Палатаи ҷамъиятии Русия, ҳайати VI-ро роҳбарӣ мекард. Дар ҷамъияти журналистон ӯро ҳамчун сармуҳаррири маҷаллаи “Эксперт” (1998-2017) ва барандаи барномаҳои “Первый канал” (2014-2018), аз ҷумла, ҷамъбасти нашри якшанбегии барномаи “Время” (2016-2018) мешиносанд.

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 10:53

Сокинони минтақа (участка)-и 4-уми ба номи «Файзалӣ Саидов»-и ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и н.Кӯшониён ободиҳои созандаро дар дигар шаҳру навоҳии ҳамсоя дида, умед ба шароити беҳтари иҷтимоӣ дар маҳалли хеш мекунанд. Зеро ниёз ба бунгоҳи тиббӣ, мактаби наву замонавӣ, боғчаи кӯдакона, маркази хизматрасонӣ доранд, вале бо чӣ сабаб бошад, ки сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим дар инҷо ба нақша гирифта нашудааст. Чанд сол пеш ҳукумати ноҳия зиёд шудани хоҷагиҳоро ба назар гирифта, дар 1 мавзеи дур аз деҳа барои сохтмони мактабу боғчаи кӯдакона замин ҷудо кард. Ин мактаб аз деҳа 4 км. дуртар ҷойгир буда, дар фасли сармо рафтуомад ба он душвор гашта, роҳи аз деҳа то мактаб низ хоколуд буда, пас аз боришоти барфу борон аз рӯи он гузаштан амри маҳол мешавад. Фарзандони сокинони ин деҳа қисман дар мактаби №19, ки 4 км дур аст ва бархе дар мактаби №65, ки дар масофаи 5,3 км ҷойгир аст, таҳсил менамоянд. Тӯли солҳои зиёд масъалаи бунёди мактаби муосир дар минтақаи 4-ум ҳамчун проблемаи ҳалношуданӣ мондаасту ҳамакнун мардум умед ба раиси тозатаъмини ноҳия-Икромиддин Вализода мекунанд, ки шояд ин раис ба додашон расида, ғамхорӣ мекунаду билохира мактаб дар ин деҳа бунёд мегардад. 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 10:49

Салом, СССР! Мо-мусофирони хатсайри №55, ки ҳар саҳар аз истгоҳи бозори «Балх» ба тарафи маҳаллаи 46 (чорроҳаи бозори Саховат-Маркази савдои Содот) ба кор меравем, бо назардошти адолат ба СССР муроҷиат мекунем. Гап сари он аст, ки ронандаҳои ин хатсайр низомномаи ташкилоташон ва қонунҳои таъйинкардаи Ҳокимияти ш.Душанберо пушти по зада, аз пеши худ қонуни нав эҷод мекунанд. Аниқтараш, масофаи аз рӯи қонун таъйиншудаи хатсайр (яъне то маҳаллаи 46)-ро худсарона кӯтоҳ карда, мусофиронро дар истгоҳи ГАИ пурра мефароранд. Баъди ин 100-200 метр поёнтар рафта, аз нав мусофир мегиранд ва роҳро давом медиҳанд. Ба ин восита онҳо пули бисёртар даромад мекунанд, лек дар натиҷа садҳо коргар ва донишҷӯ ба замми 2 сомонии изофагӣ вақти қимати худро бой дода, ба кор ва дарс дер мемонанд. Боиси таассуф аст, ки нозирони сершумори ин хатсайр ин қонуншиканиро дида, қасдан чашм мепӯшанд. Инчунин ба назар гирифтан даркор, ки 2 сомонӣ барои донишҷӯён аҳамияти калон дорад. Чунин қонунвайронкунии рӯиростро дар аксарияти хатсайрҳо дидан мумкин. Мо аз аввал хостем рост ба Ҳукумати ш.Душанбе муроҷиат кунем. Вале бо маслиҳати якчанд нафари босавод редаксияи шуморо интихоб намудем. Зеро бовар дорем, ки шумо ба мушкилиҳои ба сари халқи оддӣ омада бетараф нестед ва барои ҳалли пурраи онҳо кӯшиш менамоед. Аниқтараш Мо Метавонем!

Ахмедов С., Зоиров Ш., Баҳодурзода Ю.Ҷ. ш.Душанбе,

 тел: 93 593 23 28, 92 878 29 90

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 10:45

Ҳамин қадар асфалтро дар мавсими имсола кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар масири Душанбе – Чанок барои таъмири роҳ сарф карданд

Аз далелу рақамҳои  мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 51 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд. Дар натиҷа,  40 км таъмири асосӣ ва сад километр таъмири ҷорӣ гардид. Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе-Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. 

Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд. Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад.

Муҳим он аст, ки солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 км роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе-Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол шуданд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 10:42

Мухбири мардумии СССР Ҷаббор Раҷабов аз шаҳри Кӯлоб дар меҳмонии СССР гуфт, ки шумо бовар мекунед, ман 6 бор шиноснома гирифтаам. Бори аввал октябри с.1968, ҳини дар Техникуми ба номи В.В.Куйбишеви н.Қӯрғонтеппа хондан. Ҳанӯз соли 1960 дар минтақаи Кӯлоб шиносномагирӣ мушкиле буд, хоса, ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот кору зиндагӣ мекарданд, бе “тағо” паспорт намедоданд. Ин ба хотири он буд, ки деҳотӣ вақте шиноснома гирифт, дигар аз пахтазор баромада, дар шаҳр кор меҷуст. Шиносномаи дуюмро с.1974 гирифтам. С.1976 паспорт иваз шуд. Он вақт дар шуъбаи хоҷагии қишлоқи Раёсати статистикии вил.Кӯлоб кор мекардам. Боз ба ивази 2 сӯм дастаҷамъона соҳиби шиносномаи нав шудем. Ҳамаи ин 3 паспорт намунаи шиносномаҳои замони СССР буд. С.2009 соҳиби паспорти 4-ум шудам. Лек ин намунаи паспортҳо рақам ва серияашон якхела, яъне фақат бо рақам навишта шуда буданд. Тахмин, 1 сол пас шиносномаи нави рақамаш сӯрохкардашуда баромад. Инашро ҳам 13.05.2012 гирифтам. Паспорти 6-ум, яъне пластикиро 27.07.2019 ба даст гирифтам. Дар давоми умр 6 маротиба паспорт ва 3 маротиба шиносномаи ронандагиро иваз намудам. Аз ҳама зиёд арзиши шиносномаи ронандагиро, ки декабри с.2017 гирифтам, хело гарон афтод: 430 сомонӣ! Ин ҳама ивазкуниҳои паспорт ва ҳуҷҷати ронандагӣ ба чӣ хотир аст?

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 13

Китобҳо

Flag Counter